- қадд
- I[قد]а1. дарозии одам, ҳайвон ё растанӣ ба боло, қомат, боло: қади баланд, қади боло, қади дароз, қади дилҷӯ, қади мавзун, қади расо, қади раъно, қаду боло, қаду қомат, қади касе хам гаштан, қади худро хам кардан; ба тариқи истиора: нахли қад, сарви қад, қади алиф, қади сарв, қади шамшод; қаду баст, қаду қомат андом; ҷусса, гавда; қад афрохтан қомат баланд кардан, қад (ро) дароз кардан; қад ёзондан а) қадбаланд шудан, дароз шудани қад, қад мондан; б) қадро баландтар бардоштан; қоматро андак пеш ва боло бурдан; қад кашидан а) дароз шудани қад, қадбаланд шудан; б) сабзида баромадан, нашъунамо кардан; қад мондан дароз гардидани қад, қадбаланд шудан; қад рост кардан а) қомат рост кардан, рост хестан; б) киноя аз сохта шудан, бино ёфтан; в) маҷ. кору бори худро аз нав ба роҳ мондан; нашъунамо кардан2. дарозӣ, тӯл; муқоб. бар; (аз) қади… бо лаби…, бо канори…, лаб-лаби (дарё, ҷӯй, наҳр); бо қади роҳ ба тӯли роҳ, ба дарозии роҳ; қад-қади… а) дар тӯли…, ба дарозии…; б) лаб-лаби…, дар канори…, дар соҳили…; як қади … ба андозаи…, ба қадри баландии…: (як) қади найза, ду қади сафедор; қаду бар дарозию паҳноӣ, тӯлу арз; қад додан а) қомат афрохтан, қад рост кардан; б) баробари қомат омадан, ба андозаи қад мувофиқ омадан; бо як ваҷаб қад бо ин хурдсолӣ (ба хурдсолон гуфта мешавад); аз қаду бари чизе задан а) бо ҳар гуна баҳонаю фиреб чизеро ниҳоят кам карда додан; б) аз чизе беинсофона дуздидан; ба қад расидан ба камол расидан, ба балоғат расидан; ба (дар) қади касе шудан ҳомила шудан, дуҷон шудани зане; як қад паридан аз ҳодисаи ногаҳоние сахт тарсидан, нохост ҳаросида ҷастан; як қад парондан тарзи бавоситаи як қад паридан; аз қади касе гаштан фидои қаду қомати касе шудан (дар мавриди истиқбол ё меҳрубонӣ мегӯянд)II[قد]ниг. қад
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.